Вазифаи мо — аз мунтазам беҳтар намудани ҳамкории мусофирон ва ронандагон, кӯмак расондан ба одамон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои худ иборат мебошад.

Аз соли 2013 сар карда, мо технологияҳои иноватсионии фармоиши таксиро таҳия карда истодаем, ки он хизматрасониро бениҳоят замонавӣ, дастрас ва бехатар менамояд. Бо назардошти хусусият ва мегаполисҳо ва шаҳрҳои музофотӣ, мо ба мусофирон ҷиҳати даъват намудани такси бо усули қуллай ва ба ронандагон — барои муносибгардонии раванди ҷустуҷӯ ва интиқоли мусофирон, коҳиш додани холӣ рафтани мошин ва бекористӣ имкон фароҳам меоварем.

Таърихи ширкат аз шаҳраки хурди уралии Шадринске, аз хадамоти хурди такси оғоз гардидааст. Ширкатро муҳандисони ҷавон аз Қурғон — мутахассисон оиди автоматизатсиякунонии раванҳо ва истеҳсолоти технологӣ таъсис додаанд.

Худи таъсисдиҳандагон дар якҷоягӣ бо ронандагони даъватшуда бо автомошини шахсии худ ба ҳайси ронандаи такси фаъолият кардаанд.

Онҳо мехостанд кор бо фармоишҳоро аз ҳад зиёд худкор (автоматӣ) намоянд ва хизматрасонии таксиро оммавӣ гардонанд.

Роҳи мунтазам такмил додани фаъолияти ширкат таъсисдиҳандагонро ба тақсимоти меҳнат оварда расонд. Ҳар як шахс бояд кори худро анҷом диҳад: бархе аз одамон — бояд марказҳои тамоси замонавӣ сохта, операторонро омӯзонанд, дуюмӣ — маҳсулотҳои барномавиро таҳия намуда, таъмини дастгирии техникиро ба роҳ монанд, сеюмӣ — мусофирон ва мусофиркашонро ҷалб намоянд, чорумӣ — бо мусофиркашонӣ машғул бошанд. Айни замон, гурӯҳи мутахассисони соҳаҳои гуногун ҷиҳати ба роҳ мондани хизматрасонӣ дар якҷоягӣ фаъолият намуда истодаанд.

Дар шаш соли аввал, фаъолият дар чор шаҳр ба роҳ монда шуд, бизнес-равандоҳои самаранок бунёд карда шуда, анъанаҳои ҳамкории мутақоиблан судмандро ба вуҷуд оварданд, ки боиси тавсеаи минбаъдаи ширкат гардид. Ҳамин тариқ, соли 2009 мо зершӯъбаҳои ширкатро якбора дар ҳафт шаҳри нав кушодем, соли 2010 — дар 17 шаҳр, баъдан суръати тавсеаёбӣ то ба кушодашавии 22 зершӯъба дар як сол расид!

Дар ҳар як шаҳр мо рақобатро пурзур намуда, ронандагонро бо ҷои кор таъмин менамоем, андозҳо месупорем, баҳри нафъи одамон ва иқтисодиёт фаъолият менамоем.

Мо аз он мефахрем, ки ба шарофати саъю кӯшишҳо ва таҷрибаи мо системаи барномавии пуриқтидор таҳия гардид, ки фаъолияти хизматрасониро таъмин намуда, барои идоракунии фасеҳи бизнес (корчаллонӣ) таҳлили аналитикро пешниҳод менамояд. Дар асоси талаботи мо системаи омӯзиши касбии операторон таҳия гардид. Дар ҳоли ҳозир, шумораи зиёди фармоишҳоро, ки дар давоми шабонарӯз тариқи телефон, сомонаи мо ва ба воситаи барномаи мобилии хадамоти «Максим: фармоиши такси» қабул карда мешаванд, калонтарин маркази тамоси махсусгардонидашуда дар Федератсияи Русия оид ба қабул ва коркарди фармоишҳо барои интиқоли мусофирон ва бор қабул мекунад. Аз ҷумла он ба ронандагоне, ки бо фармоишҳои ба воситаи барномаи мобилии «Taxsee driver» кор мекунанд, хидмат мерасонад.

Аз соли 2014, бо кушодани шӯъбаҳои хадамоти такси дар Украина, Қазоқистон, Гурҷистон, Булғория, Тоҷикистон ва Беларус, мо ба фаъолияти худ берун аз Федератсияи Русия оғоз бахшидем. Ширкати мо ба як ширкати миқёси байналмилалӣ дошта табдил гардид.

Мо кӯшиш намуд истодаем, ки бренди ҷаҳониро ба даст биёрем, то ки мусофирони мо ба шаҳрҳо ва кишварҳои гуногун сафар карда, дар ҳама ҷо аз хизматрасонии хадамоти «Максим» истифода бурда тавонанд.

Таъсис додани технология ва бизнес дар баробари лидерони бозори ҷаҳонӣ ба мо писанд аст.

Вақти рафтан аст!